Ссылки доступа

Умеди Тоҷикистон аз сармояҳои Кувейт


Дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Кувейт 6 созишномаи ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар имзо шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, ин санадҳо дар бахши машваратҳо миёни вазоратхонаҳои хориҷии ду кишвар, масъалаҳои амниятӣ, маорифу илм, иртиботи ҳавоӣ ва кишоварзӣ имзо гардидаанд.

Қаблан миёни Тоҷикистон ва Кувейт 11 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуда буд, ки ҳоло теъдоди онҳо ба 17 адад расид.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафараш бо амири Кувейт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва мақомоти дигари давлатии Кувайт дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Дар ин гуфтушунидҳо рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тақвияти робитаҳои тиҷорию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, иштирок дар иҷрои лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиёт ва инфрасохтор баррасӣ гардид.

Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои ҷалби бештари сармояҳои Кувейт дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар таъкид намудааст.

XS
SM
MD
LG