Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ президентро ба додгоҳ мекашанд


Kyrgyzstan -- Aziza Abdirasulova, director of the human rights organization "Kylym Shamy", Bishkek, 04Oct2012
Kyrgyzstan -- Aziza Abdirasulova, director of the human rights organization "Kylym Shamy", Bishkek, 04Oct2012

Чанд тан аз ҳомиёни ҳуқуқ тасмим гирифтаанд Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистонро ба додгоҳ кашанд. Дар ин бора Азиза Абдурасулова, раҳбари Маркази ҳуқуқи инсони "Килим шами" дар ҷараёни эътирозе дар шаҳри Бишкек хабар додааст.

"Агар президент шахсан узр напурсад ё он ҳарфҳоро рад накунад, мо ба додгоҳ шикоят мебарем. "Килим шами" аз соли 2003 ба ин сӯ баромадҳои раҳбари давлатро мониторинг мекунад. Ин бор низ хостем аҳамият надиҳем, вале матни суханронии президент дар сомонаи расмияш ҳам нашр шуд. Ин чиз аз аввал тарҳрезишуда буд ва мо аз он хеле нигаронем", - гуфтааст Абдурасулова.

Ёдрас мешавем, ҳафтаи гузашта раҳбарони иттиҳоди ҷамъиятии "Порлумони мардумӣ" ба гумони ғасби ҳукумат боздошт шуданд. Дар ҷаласаи рӯзи 12 май, ки аз ҷониби ин иттиҳод баргузор шуда буд, ҳуқуқшиносон Азиза Абдурасулова ва Толейкан Исмоилов ҳам иштирок доштанд.

Алмосбек Отамбоев рӯзи 14 май дар суханронии бахшида ба Рӯзи модар гуфт, аъзои "Порлумони мардумӣ" мехоҳанд бо ҳар баҳона оромии кишварро халалдор кунанд ва ҳомиёни ҳуқуқро аз зумраи шахсоне хондааст, ки грантҳои хориҷиро "ҳалол" мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ба унвони президент нома фиристода, аз ӯ хостаанд, барои ин ҳарфҳояш узр бипурсад. Онҳо гуфтаанд, дар ҷаласаи 12 майи "Порлумони мардумӣ" танҳо ба хотири гузаронидани мониторинг иштирок доштанд.

XS
SM
MD
LG