Ссылки доступа

Дар Эрон дӯстдорони аксҳои беҳиҷоб зиндонӣ шуданд


Мақомоти Эрон бо гумони даст доштан дар нашри аксҳои занҳои беҳиҷоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ 8 нафарро боздошт карданд.

Тавре телевизиони давлатии ин кишвар хабар медиҳад, 170 нафаре, ки эҳтимол меравад, корбари шабакаи иҷтимоии Instagram ҳастанд, шиносоӣ шудаанд. Миёни онҳо - 58 модел ё занҳои хушсурат, 51 тарроҳи либос, 59 аксбардор ва ородиҳанда ҳастанд, ки дар "вайрон кардани устувории хонаводаҳои Эрон" айбдор мешаванд.

Зидди 29 нафари онҳо айб эълон гардидааст. Пулис аз онҳо "миёнаравҳои асосӣ ва ширкатдорони шабака" ном мебарад. Ҳамчунин "эътироф"-и яке аз занҳо нишон дода шуд, ки вай мегӯяд, аксҳояшро дар ивази маблағ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекард. Ӯро ба чӣ айбдор мекунанд, ҳоло дақиқ нест.

Телевизиони давлатии Эрон дар гузашта борҳо эътирофи боздоштшудаҳоро зери фишор нишон дода буд. Ҳафтаи гузашта роҳбари руҳонии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ гуфт, Интернет - ин "майдони ҷанг" аст, ки бояд фаъолони динӣ ва донишҷӯён он ҷо бо "андешаҳои ғалат ва нодуруст" биҷанганд.

XS
SM
MD
LG