Ссылки доступа

Мактабе, ки чаҳор фасли сол барқ надорад (видео)


“Синфхонаи равшану гарм”. Ин орзуи наврасони деҳаи Ғузгеф аст, ки дар расм ингуна тасвир шудааст. Ин деҳа дар 110-километрии ҷануби Душанбе ҷойгир буда, сокинони он намедонанд, ки нерӯи барқ чист.

Кӯдакон маҷбуранд дар фасли сармо дар синфхонаҳои торику сард дарс бихонанд.

Мактаббачаҳо мегӯянд, агар тамоми шароити зарурӣ барои омӯзиш фароҳам мебуд, онҳо ҳам хуб мехонданд. Барои амалӣ шудани орзуи ин кӯдакон ҳамагӣ 16 ҳазор доллари амрикоӣ лозим аст. Ҳоло ба хотири ҷамъоварии ин пул дар Тоҷикистон маъракае бо номи “Мактаби офтобӣ” роҳандозӣ шудааст.

Ташаббускорони ин иқдом гурӯҳи ҷавононеанд, ки дар созмонҳои байналмилалӣ кор мекунанд. Онҳо мехоҳанд бо истифода аз таҷрибаи маъруфи ҷаҳонӣ - маъракаи краундфандинг орзуи ин кӯдаконро амалӣ сохта, дар ин мактаби дурдасти кишвар шароити хуби таҳсилро фароҳам кунанд.

Наргис Ҷӯраева, яке аз ин ташаббускорон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маъракаи онҳо 40 рӯз идома хоҳад ёфт.

“Дар ин муддат мо бояд 8 ҳазор доллар ҷамъ кунем. Агар мо ин пулро ҷамъ карда тавонем, 8 ҳазор доллари боқимондаро ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид дар Хорватия пардохт хоҳад кард. Мо бовар дорем, ки ин пулро ҷамъ карда метавонем ва бар ивази он панели офтобӣ дар ин мактаб насб хоҳем кард”, - мегӯяд Ҷураева.

Дар мактаби 87-и деҳаи Ғузгеф 130 хонанда таҳсил мекунад. Он дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар дараи Ромит ҷойгир аст. Ба ин минтақа ҳеч гоҳ нерӯи барқ интиқол наёфтааст ва мардум ҳам хонаҳояшонро тавассути генераторҳои дизелӣ равшан мекунанд. Дар доираи ин маърака расмҳои кашидаи баъзе аз талабаҳои мактаби мазкур низ ба фурӯш гузошта шудааст. Ташаббускорони ин иқдом ҳоло барои ҷамъоварии ин пул ба созмонҳои маҳаллию байналмилалӣ муроҷиат кардаанд.

Школа, в которой круглый год нет света
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:04 0:00

XS
SM
MD
LG