Ссылки доступа

Духтари Ислом Каримов дар Канн ҷоиза гирифтааст


Лола Каримова-Тилоева, духтари хурдии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки намояндаи ин кишвар дар ЮНЕСКО аст, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, соҳиби ҷоизаи бунёди хайрияи Global Gift Foundation шудааст.

Маросими ҷоизасупории Global Gift Foundation дар Канни Фаронса ва он ҳам дар рӯзҳои Ҷашнвораи 69-уми синамо баргузор шудааст.

Намояндагони хонаводаи аввали Ӯзбекистон ҳамчун ширкаткунандаи доимии шабнишиниҳои ҷашнвораи филми Канн ном баровардаанд. Дар соли 2010 иштироки Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Ӯзбекистон дар шаби хайрияи "Филм зидди СПИД", ки дар доираи ҷашнвораи Канн баргузор шуда буд, боиси ҷанҷол гардид. Фаъолони шаҳрвандӣ иштироки Гулнораро дар ин ҳамоиш танқид карда буданд, зеро тақрибан чанд моҳ пеш аз он яке аз фаъолон дар Ӯзбекистон дар бахши мубориза бо СПИД Максим Попови 28-сола барои нашри варақаҳои "ВИЧ ва СПИД имрӯз" 7 сол зиндонӣ шуда буд.

Хабар дода мешавад, ки духтари калонии Ислом Каримов барои иштирок дар шабнишинӣ бо чеҳраҳои шинохта 500 ҳазор доллар додааст.

XS
SM
MD
LG