Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ президент Отамбоевро ба додгоҳ кашиданд


Дар Қирғизистон ду ҳомии ҳуқуқ зидди президенти кишвар Алмосбек Отамбоев ба додгоҳ даъво бурданд. Ин ҳомиёни ҳуқуқ дар робита ба суханҳои президент нисбати фаъолияти онҳо шикоят доранд.

Азиза Абдирасулова ва Толекан Исмоилова мегӯянд, дар алоҳидагӣ ба додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек даъво бурдаанд. Санаи мурофиаи додгоҳӣ ҳанӯз дақиқ нест.

Ҳомиёни ҳуқуқ бар ин назаранд, ки президент бояд расман узр хоҳад ва ҳарфҳоеро, ки нисбати онҳо раво дидааст, рад кунад. Зарари маънавӣ дар даъво дар ҳаҷми 2 миллион сом (муодили тақрибан 29 ҳазор доллар) муайян шудааст.

Абдирасулова ва Исмоилова 12 май дар ҷамъомади "Порлумони мардумӣ" ширкат карданд. Бо гузашти ду рӯз аз ин ҷамъомад, дар суханронии бахшида ба Рӯзи модарон Отамбоев гуфт, аъзои "Порлумони мардумӣ" мехоҳанд бо ҳар баҳона вазъи кишварро "ноором, ноустувор" кунанд ва ҳамчунин ҳомиёни ҳуқуқро "ҳалолхӯрони грантҳои хориҷӣ" номид. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, танҳо барои мониторинги ҷаласаи "Порлумони мардумӣ" дар он ҷамъомад ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG