Ссылки доступа

Сулаймонов: пулиси қирғиз аз шиканҷа кор мегирад


Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон мудири Маркази огоҳсозӣ аз шиканҷа, навъҳои дигари муносибати бераҳмона ва ё пастзанандаи шаъну шарафи инсон Нурдин Сулаймонов хабар додааст.

Тибқи ин иттилоъ, дар соли гузашта 199 муроҷиати шаҳрвандони он кишвар дар бораи шиканҷа ба қайд гирифта шудааст.

Хабар дода мешавад, ки шиканҷа дар сурати боздошти худсарона, ҳангоми ноогоҳии наздикону волидон, бе ҳузури вакилони дифоъ истифода бурда мешавад.

Кормандони Марказ, ки дар боздоштгоҳҳо мониторинг мегузаронанд, хабар медиҳанд, 27,6% шумори умумии пурсидашудаҳое, ки дар боздоштгоҳ ва дигар муассисаҳои пӯшида нигаҳдорӣ мешаванд, гуфтаанд, ки шиканҷа шудаанд. Наздики 10% пурсидашудаҳо изҳор доштаанд, ки ҳангоми оварда шудан ба шуъбаҳои пулис нисбати онҳо шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба кор рафтааст.

XS
SM
MD
LG