Ссылки доступа

Даъвати Қирғизистон аз Русия ба коҳиши"рӯйхати сиёҳ"-и муҳоҷирон


Чинибой Турсунбеков, раиси порлумони Қирғизистон аз Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия хостааст, барои коҳиши "рӯйхати сиёҳ", ки ба рафтуои озоди муҳоҷирони корӣ миёни ду кишвар монеа эҷод мекунад, кӯмак намояд.

Турсунбеков ин мавзуъро ҳангоми мулоқот бо Матвиенко дар доираи Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург ба миён гузоштааст. Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Ёдрас мешавем, Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия соли 2013 "рӯйхати сиёҳ"-еро тартиб дод, ки ба он номи муҳоҷирони айбдор дар нақзи қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар дохил мешавад.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон, номи беш аз 100 ҳазор муҳоҷири кории ин кишвар дар давоми соли 2015 аз "рӯйхати сиёҳ"-и Русия берун шудааст. Ҳоло танҳо шумори онҳое, ки ба берун кардани номашон аз ин рӯйхат иҷозат нашудааст, 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Қирғизистон 12 августи соли 2015 узви комилҳуқуқи АвруОсиё гардид. Бештари муҳоҷирони қирғиз барои соддатар шудани қоидаҳои будубош дар Русия ва соҳиб гардидани имтиёзҳои муайян дохилшавии кишварашон ба ин созмонро бесаброна интизор буданд. Вале узвияти кишвар барои онҳо танҳо қабул шудан ба корро осон кардааст.

XS
SM
MD
LG