Ссылки доступа

Оғози сафари серӯзаи Обама ба Ветнам


Боздиди ҳафтрӯзаи Барак Обама, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз кишварҳои Осиё то Ветнам, ки танҳо дар ин кишвар се рӯз идома хоҳад ёфт, оғоз мешавад.

Президенти Амрико дар ҷараёни сафараш бо намояндагони давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон мулоқот ва гуфтугӯ намуда, дар бораи робитаҳои ду кишвар суханронӣ хоҳад кард.

Баъд аз он Барак Обама барои иштирок дар саммити "Ҳафтгонаи бузург" ба Ҷопон сафар мекунад.

Интизор меравад, раҳбари Кохи сафед дар ҷараёни ин сафараш маъракаи фаъолеро ба ҳимоят аз Созишномаи савдои Уқёнуси ором бо иштироки 12 кишвар, аз ҷумла ИМА, Ветнам ва Ҷопон анҷом диҳад.

Саммити "Ҳафтгонаи бузург" дар шаҳри Хиросима баргузор шуда, Обама президенти нахустини Амрико ба ҳисоб меравад, ки баъд аз ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии ИМА бо силоҳи ҳастаӣ дар соли 1945 ба ин минтақа сафар мекунад. Ин ҳамла 80 ҳазор қурбонӣ дар пай дошт.

XS
SM
MD
LG