Ссылки доступа

Барандаи "Нахли тиллоӣ" дар Канн эълон шуд


Филми коргардони бритониёӣ Кена Лоуч "Ман, Дэниел Блейк" дар ҷашнвораи филми Канн соҳиби ҷоизаи "Нахли тиллоӣ" шуд. Кена Лоуч бори дувум аст, ки ин ҷоизаро соҳиб мешавад.

Филм дар бораи зиндагии як чӯбтароши куҳансол нақл мекунад. Чӯбтарош баъди сактаи қалбӣ талош мекунад, ки ёрдампулии иҷтимоӣ дарёфт кунад.

Филми "Фурӯшанда"-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ, ки дар гузашта соҳиби ҷоизаи "Оскар" шудааст, дар Канн ҷоизаи "Беҳтарин филмнома"-ро соҳиб гардид. Шаҳоб Ҳусейнӣ, ки дар ин филм нақш офарида буд, ҷоизаи беҳтарин бозигарро аз худ кард. Моҳияти ин филм аз зиндагии як ҷуфти зану шавҳар иборат аст, ки баъди ҳамла ба шавҳар ҳаёти онҳо комилан тағйир меёбад.

Шоҳҷоизаи ҷашнвораро коргардон Ксаве Долан аз Канада барои филми "Ин танҳо охири дунёст" соҳиб шуд.

Дар бахши "Беҳтарин нақши занона" ҷоизаро ҳунарпешаи филиппинӣ Жаклин Хосе барои филми "Модари Садбарг" дарёфт кард.

XS
SM
MD
LG