Ссылки доступа

Дар Қазоқистон сомонаи Радиои Озодӣ ҳанӯз ҳам дастнорас аст


Нишониҳои rus.azattyq.org ва azattyq.org аз шоми 20 май ба ин сӯ боз намешаванд. Дастрасӣ ба сомона тавассути телефони мобилӣ ҳам маҳдуд буда, инчунин аз рӯзи шанбе ба ин сӯ намешавад ба нишонии https://azatkaz.info дохил шуд.

Сомона дар берун аз Қазоқистон ё тариқи VPN ва филтршиканҳо (анонимайзерҳо) дастрас аст.

Қаблан дастрасӣ ба баъзе аз саҳифаҳои алоҳидаи сомона маҳдуд шуда буд.

Рӯзи шанбеи 21 май дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон садҳо шаҳрванд, аз ҷумла рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ боздошт шуданд. Пулис аз талоши баргузории тазоҳуроти беиҷозат дар "масъалаи замин", ки хабари эҳтимоли барпошавияш қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, пешгирӣ кард.

Миёни боздоштшудаҳо хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар шаҳрҳои Остона, Алмаато, Урал, Атирау ва Чимкент ҳам буданд. Баъди чанд соати боздошт рӯзноманигорон озод шуда, аммо кормандони пулис навор ва аксҳоро аз телефону дастгоҳҳои наворбардорӣ тоза кардаанд.

XS
SM
MD
LG