Ссылки доступа

Толибон раҳбари нав интихоб карданд


Ҷиноҳи Толибони Афғонистон ҳафтаи гузашта кушта шудани Мулло Ахтар Мансур, раҳбари ин гуруҳро дар натиҷаи як зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико тасдиқ кард.

Ҳоло раҳбари нави Толибон Ҳабибуллоҳ Охундзода, яке аз муовинони Ахтар Мансур, ки қаблан раиси додгоҳи ин гуруҳ буд, интихоб шудааст.

Муовинони раҳбари нави Толибон Муҳаммад Яъқуб, писари раҳбари пешини ин гуруҳ Мулло Умар ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ, ки дар як қатор ҳамлаҳои хунин ба Кобул дар давоми чанд соли ахир айбдор мешавад, таъйин гардидаанд.

Дар ин бора намояндаи расмии Толибон Забеҳулло Муҷоҳид хабар дода, гуфтааст, Охундзода дар мулоқоти ахири раҳбарони Толибон ба ин мақом баргузида шуд.

Ахтар Мансур 21 май дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба мошинаш дар ҳудуди Покистон ба ҳалокат расид.

XS
SM
MD
LG