Ссылки доступа

Президенти Туркманистон дар бораи қолибофӣ низ китоб навишт


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон китоби наве дар бораи қолибофӣ "Arşyň nepisligi" навиштааст.

Бинобар иттилои "Хроника Туркменистана", президенти Туркманистон рӯзи 24 май китоби навро ба аъзои ҳукуматаш туҳфа кардааст.

"Заҳмати нави президент Бердимуҳаммедов барои равшанфикрон, олимон, файласуфон ва шахсоне, ки ба мероси фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ доранд, муфид хоҳад буд", - таъкид шудааст дар маросими тақдимкунии китоб.

Ин чаҳорумин китоби президенти Туркманистон дар давоми соли равон аст. Қаблан низ Бердимуҳаммедов китобҳои “Сарчашмаи хирад”, “Чой-дору ва илҳом” ва “Суръати баланди асп”-ро навишта, ба вазиронаш тақдим карда буд.

XS
SM
MD
LG