Ссылки доступа

Озодии зиндониёни ҳодисаҳои Андиҷони Ӯзбекистонро ба таъхир меандозанд


Ин рӯзҳо интизор меравад муттаҳамони ҳодисаҳои 13 майи соли 2005-и Андиҷони Ӯзбекистон ба озодӣ бароянд. Аммо дар зиндон муҳлати ҳабси онҳоро бо баҳонаи қонуншиканиҳои ночиз дароз мекунанд.

Тавре наздикони бархе аз зиндониён ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ хабар медиҳанд, дар зиндонҳо нисбати ин тоифа, сарфи назар аз ин ки соли ҷорӣ иҷрои ҷазояшон ба охир мерасад, муҳлати иловагӣ зам мешавад.

- Онҳое, ки мебоист ба озодӣ бароянд, намебароянд. Бо баҳонаҷӯиҳои зиёд муҳлати ҳабси онҳоро тамдид мекунанд. Хешовандони ин зиндониён ҳатто метарсанд, ки дар ин бора ҳарф зананд, - мегӯяд як манбаъ аз Андиҷон.

- Соли 2006 дар додгоҳҳои вилояти Тошканд муҳокимаҳои тӯлонии ширкатдорони ҳодисаҳои Андиҷон баргузор гардид. Дар як муҳокима то 15-20 нафарро зиндонӣ карданд. Ҳамаи онҳо аз 12 то 18 сол зиндонӣ шуданд. Нусхаи ҳукми додгоҳ ва ҳамчунин маълумот дар бораи ҷойи адои ҷазо ва муҳлати ҳабсро ба ҳеч кас, ҳатто ба хешовандонашон надоданд. Онҳо чизҳои зиёдеро медонанд, барои ҳамин ба озодӣ намебароянд. Ман фикр мекунам, ки онҳоро ҷавоб намедиҳанд, - мегӯяд роҳбари Гуруҳи ташаббускори ҳомиёни мустақили ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон Сурат Икромов.

Ҳодисаи хунине, ки 13 майи соли 2005 дар Андиҷон рух дод, аз ҷониби ҳукумат ҳамчун терроризм ва талоши табадулоти давлатӣ унвон шуд. Сурат Икромов мегӯяд, эҳтимол дорад, ки ҳадди ақал 460 нафар бо айби иштирок дар ҳодисаҳои Андиҷон зиндонӣ шуда бошанд.

XS
SM
MD
LG