Ссылки доступа

Озода Раҳмон узви Маҷлиси миллӣ шуд


Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва духтари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ интихоб шуд.

Бар асоси иттилои расмӣ, 29 май дар иҷлосияи муштараки маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, Озода Раҳмон узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардидааст. Манбаъ мегӯяд, вакилон номзадии духтари Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ кардаанд.

Қаблан аз ҳавзаи 4-уми пойтахт дар Маҷлиси миллӣ Бахтиёр Худоёрзода – раҳбари пешини дастгоҳи иҷроияи президент намояндагӣ мекард. Вале Худоёрзода дар охирҳои моҳи январ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъин шуда, узвияти вай дар Маҷлиси миллӣ қатъ гардид.

Озода Раҳмон 38 сол ва 5 фарзанд дорад. Номзади илмҳои ҳуқуқ буда, солҳои 2005-2007 кордори фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Амрико, солҳои 2007-2009 раҳбари раёсати консулии вазорати корҳои хориҷӣ, солҳои 2009-2014 муовини вазири хориҷа ва аз 15 майи соли 2014 муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Рӯзи 27 январи соли 2016 Озода Раҳмон раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар таъин шуд.

XS
SM
MD
LG