Ссылки доступа

Петербург: фаъолон намехоҳанд "Қодиров" соҳиби пул шавад


Дар Санкт-Петербурги Русия фаъолони ҳаракати "Ҷавонони Себ" зидди Аҳмад Қодиров ном ниҳодани пули болои канали Дудергоф эътироз карданд.

Панҷ фаъоли ҷамъиятии ҳаракати "Ҷавонони Себ" барои пули бе номи болои канали Дудергоф, ки дар хиёбони Қаҳрамонон ҷойгир аст, номи алтернативӣ пешниҳод кардаанд. "Пули чинӣ", "Пули Шанхай", "Пули марворид", "Пули қаҳрамонон" ва ғайра барои ин пул пешниҳод шудааст.

Ин иқдоми мухолифон зидди Аҳмад Қодиров ном гирифтани пули мазкур аст. Ба номи Қодиров гузоштани хиёбон ва ё пулеро бори аввал вакили Маҷлиси қонунгузори Санкт-Петербург Виталий Милонов дар соли 2014 пешниҳод карда буд.

Имрӯз дар порлумони Петербург ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор мешавад, ки интизор меравад, барои пули болои канали Дудергоф ном интихоб шавад. Бархе аз вакилон аллакай изҳор доштанд, ки аз сӯи раҳбарияти порлумон фишор эҳсос мекунанд.

XS
SM
MD
LG