Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар суҳбат бо Бахши хабарии Осиёи Марказӣ гуфт, 52 талабаи ин мактаб рӯзи 27-уми май аз таъсири доруе, ки барои нобуд кардани пашша дар синфхонаҳо пошида шудааст, заҳролуд гаштаанд.
Ба гуфтаи Ҷаъфаров, дар натиҷа ҳамаи хонандагони заҳролудшуда ба бемористони маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин интиқол ёфтаанд ва ба ҷуз 7 нафар, ки вазъи саломатиашон вазнин буд, боқимондаҳо ҳамон рӯз баъди ташхис ва иҷозати табибон, мураххас гардиданд. Ҳафт нафари боқӣ ҳам 28 май баъди хуб шудани саломатиашон ба хонаҳои худ рафтаанд.
"Бинобар зиёд шудани пашшаву хомӯшак дар синфхонаҳои мактаб, мақомоти маҳаллӣ барои нест карданашон доруи (Нурел Д)-ро истифода карда, дару тирезаҳоро пӯшидаанд", - мегӯяд Ҷаъфаров. Ба гуфтаи вай, ин дору аз худ як навъ бухор ҳосил мекунанд, ки инсон ҳавосашро гум мекунад ва вақте хонандагон ба синфхонаҳо ворид шудаанд, худро бад ҳис кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Саид Аламов, директори маркази эпидемиологии минтақаи Кӯлоб теъдоди хонандагони заҳролудшудаи мактаби деҳаи Хоҷағалтонро 75 кас хонд.
Инчунин 11 хонандаи мактаби деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ҳам рӯзи ҷумъа беҳуш дар беморхона бистарӣ шуда, бархеашон то ҳол дар Душанбе табобат мегиранд.