Ссылки доступа

ВКД Қирғизистон видеои "никоҳи якшаба"-ро таҳқиқ мекунад


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон таҳқиқи навори видеоӣ бо иштироки муассиси Бунёди "Таборак" дар бораи "никоҳи якшаба"-ро оғоз кардааст.

Ин навор, ки ҳоло дар саҳифаҳои интернетӣ чарх мезанад, бо вокуниши шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст.

Дар он муассиси Бунёди "Таборак" дар бораи "никоҳи якшаба" бо духтарони қирғиз суҳбат карда, баъзе аз саҳнаҳои маҳрамона ҳам дида мешавад. Бунёди хайрияи "Таборак" дар Бишкек аз сӯи як шаҳрванди Кувайт таъсис ёфтааст.

Бар асоси иттилои ВКД-и Қирғизистон, ҳоло шуъбаи дахлдори ин ниҳод таҳқиқи наворро оғоз карда, гуфтааст, пас аз поёни пажӯҳиш дар мавриди афроди номбаршуда чораандешӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG