Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон маошу нафақа то 25% баланд хоҳад шуд


Баъди як моҳ нафақа ва маоши сокинони Тоҷикистон аз 15 то 25% зиёд карда мешавад. Вазорати молияи кишвар мегӯяд, барои иҷрои ин қарор ҳама чиз алакай омодааст.

Бар асоси тасмими ҳукумат, маоши кормандоне, ки аз ҳисоби буҷа пардохт мешавад, ба ҳисоби миёна 20%, музди меҳнати ҳадди ақалл 60%, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои он 30% боло бурда хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳанӯз ду сол пеш ваъда дода буд, ки маош, стипендия ва нафақа баланд карда мешавад. Вале соли гузашта ба хотири буҳрони молӣ ва пур нашудани буҷа ин ваъда иҷро нагардид.

"Барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда дар соли равон аз буҷаи кишвар 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ ҷудо мешавад," - гуфта буд президент.

Эмомалӣ Раҳмон дар буҷаи имсолаи кишварро "пойбанди омилҳои берунӣ" хонда, мақомотро барои иҷрои буҷаи соли 2016 даъват кард ва аз онҳо хост, ки дар ин замина баҳонаҷӯӣ накунанд. Вай гуфт, буҷаи соли равон дар муқоиса ба соли гузашта 20 дарсад бештар аст.

XS
SM
MD
LG