Ссылки доступа

Қазоқистон воридоти картошкаи қирғизиро дубора иҷозат медиҳад


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон бо хоҳиши Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дастур дод, ки манъи вуруди картошкаи қирғизӣ бекор шавад. Дар ин бора Сафар Исаков, роҳбари шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қазоқистон хабар медиҳад.

"Вазорати кишоварзии Қазоқистон бо ҳамтоёни қирғизашон дар ҳамкории наздик ин масъаларо ҳал хоҳанд кард. Бояд тазаккур дод, ки аллакай кор дар ин самт шуруъ шудааст", - гуфт Исаков.

Ин масъули қазоқ мегӯяд, Қирғизистон дар навбати худ бояд озмоишгоҳ роҳандозӣ кунад ва картошкаи ҷавобгӯ ба талаботро ба бозори Қазоқистон ворид созад. "Ба ин кор бояд вазорати кишоварзӣ машғул шавад. Ман фикр мекунам, ки ин масъалаҳо дар рӯзҳои наздик ҳал хоҳанд шуд", - афзуд Исаков.

Ёдовар мешавем, қарори манъи воридоти картошка 4 майи имсол ҷорӣ шуд. Ҷониби Қазоқистон мегӯяд, аз ибтидои соли ҷорӣ 79 ҳолати воридоти картошкаи заҳролуди қирғизӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба ин далел наздики ҳазор тонна картошка дубора ба Қирғизистон баргардонида шуд. Аммо ҷониби Қирғизистон ин далелҳои Қазоқистонро бе асос медонад. Калис Жуманканов, раиси идораи назорати давлатии маҳсулоти ветеринарӣ ва кишоварзии Қирғизистон мегӯяд, дар ибтидои сол Қазоқистон 2 нота фиристодааст. Аз рӯи ин нотаҳо чораандешӣ шуда, картошкаи қирғизӣ танҳо баъди ташхиси озмоишгоҳ сорид мегардад.

XS
SM
MD
LG