Ссылки доступа

Дар Русия 20 сомонаи таблиғи сафари Туркия баста шуданд


Дар қаламрави Русия дастрасӣ ба беш аз 20 сомонаи интернетӣ, ки сафарҳои сайёҳӣ ба Туркияро пешниҳод мекунанд, маҳдуд гардид.

Дар ин бора Би-би-сӣ хабар дода, мегӯяд, сомонаҳо бо дархости Роспотребнадзори Русия, ки Додгоҳи Останкинои Москва аз он ҳимоят кард, баста шудаанд.

Сомонаҳо дар асоси фармони президенти Русия Владимир Путин баста шудаанд, ки ба таҳрими иқтисодии Русия ва маҳдудияти раводиди сафар ба шаҳрвандони он дастур медод.

Робитаи Анқара ва Москва дар пайи сарнагун шудани ҳавопаймои низомии Су-24М-и Русия аз сӯи нерӯҳои Туркия дар марзи Сурия сард шуд. Туркия мегӯяд, ин ҳавопаймои Русия ҳушдорҳои батакрорро нодида гирифта, ба ҳарими ҳавоии Туркия ворид шуд, вале Русия ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG