Ссылки доступа

Қирғизистон шартномаи тиҷорати озоди ИИАО бо Ветнамро имзо кард


Қирғизистон шартнома дар бораи тиҷорати озод миёни давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Ветнамро имзо кард. Қонуни марбут ба ин шартномаро порлумони Қирғизистон 25 майи соли ҷорӣ қабул карда буд ва акнун Алмосбек Отамбоев, призединти ин кишвар зери он имзо гузошт.

Маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар медиҳад, ки пардохтҳои гумрукии баробар ба сифр ва низоми озоди воридшавӣ ба бозор дар ду марҳила амалӣ мегардад.

Шартнома масъалаҳои тиҷорати молҳо, хизматрасониҳо, расмиёти гумрукӣ, монеаҳои техникии тиҷорати чорабиниҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, сармоягузорӣ, сармояи зеҳнӣ, хариди давлатӣ, рақобат, рушди устувор, тиҷорати электронӣ ва бахшҳои дигарро дар бар мегирад.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфт ва аз 1 январи соли 2015 ин ҷониб амал мекунад. Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Русия ва Қирғизистон узви ин иттиҳод ҳастанд. Қирғизистон 12 августи соли 2015 узви иттиҳоди мазкур шуд.

XS
SM
MD
LG