Ссылки доступа

Ҳушдори ИМА ба Чин аз бунёди минтақаи зиддимушакӣ


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ зимни сафар ба Муғулистон гуфт, Вашингтон бунёди минақаи зиддимушакӣ дар баҳри Чини Ҷанубиро ҳамчун амали иғвогарона ва бесуботкунанда баҳо медиҳад. Вай афзуд, чунин амалҳо танишҳои миёни Чин ва кишварҳои дигари Осиёро бештар мекунанд.

Адмирал ё дарёсолори чинӣ Сун Тсзянго дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, Чин дар баҳри Чини Ҷанубӣ мушкил эҷод намекунад ва аз мушкилоту танишҳои эҷодкардаи дигарон бим надорад. Ба гуфтаи вай, Пекин омодааст нофаҳмиҳоро дар ин самт тавассути гуфтугӯ ҳал кунад.

Пештар аз ин вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер гуфта буд, сиёсати Чин дар баҳри Чини Ҷанубӣ метавонад ин кишварро ба бунбаст расонад.

Чин соли 2013 якҷониба дар баҳри Чини Ҷанубӣ минтақаи зиддимушакӣ таъсис дод. Ин амалҳои Чин ташвиши чанд кишвари минтақаро, ки сари ҷазираҳои баҳрҳои Чини Ҷанубӣ ва Шарқӣ даъво доранд, ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG