Ссылки доступа

Роҳхати ду варзишгари дигари тоҷик ба Олимпиадаи Бразилия


Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шуданд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF).

Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи ин созмони байналмилалӣ нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 ҷудочии ҷаҳон дар мақоми 11-ум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст.

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ дар вазни беш аз 100 кило дар байни 188 нафар дар зинаи 48-ум ҷой гирифтааст. Ӯ бо саҳмияи қитъавӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудааст.

Ёдовар мешавем, дар байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатро ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 гурзандози машҳур Дилшод Назаров ба даст овардааст. Ҳамин тариқ то имрӯз се варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи навбатӣ мушарраф шудаанд.

XS
SM
MD
LG