Ссылки доступа

Швейтсариҳо зидди "пули муфт" раъй доданд


Дар Швейтсария 5 июн дар масъалаи "даромади асосии бе қайду шарт", ки ба ҳамаи сокинон ёрдампулиро кафолат медиҳад, раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид. Бино бар натиҷаҳои назарсанҷии сотсиологӣ, бештар аз се ҳиссаи раъйдиҳандагон зидди ин ташаббус овоз додаанд.

Ҷорӣ кардани даромади бокафолат пардохти наздики 2,5 ҳазор франки швейтсарӣ (муодили 2260 евро) ба калонсолон ва 565 евро ба кӯдакони ин кишварро дар назар дошт.

Ҷонибдорони даромади бокафолат мегӯянд, ин навъи пардохт имкон медиҳад, то шаҳрвандон аз корҳое, ки барояшон писанд нест, даст кашанд ва ба фаъолиятҳои пурсамартар пардозанд.

Мухолифони даромади беқайду шарт бар ин назаранд, ки амалисозии идеяи "пули муфт" ба буҷаи кишвар зарар мерасонад ва одамонро танбал мекунад. Ҳукумати Швейтсария огоҳ карда буд, ки барои ҷорӣ намудани ин ташаббус бояд андозҳо боло бурда шаванд.

Швейтсария - нахустин кишварест, ки ин мавзуъро ба баррасии умум мегузорад. Аммо ин гуна ташаббусҳо дар Финландия, Канада, Австралия ва дигар кишварҳо низ дар ҳоли баррасиянд.

XS
SM
MD
LG