Ссылки доступа

ВКД Қазоқистон: дар Оқтеппа на камтар аз 17 кас кушта шудааст


Калмуханбет Қосимов, вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, ҳаводиси 5 июн дар Оқтеппа "амали террористӣ" шумурда шуд.

Бар асоси иттилои расмӣ, теъдоди кушташудагон дар натиҷаи ҳамлаҳо ва амалиёти зиддитеррористӣ на камтар аз 17 нафаранд, ки миёнашон ду сокини осоишта, 4 корманди хадамоти амниятӣ ва 11 ҳамлагар аст. Инчунин даҳҳо корманди нерӯи амниятӣ ва як сокини осоиштаву ду ҳамлагар ҳам захмӣ шудаанд.

Мақомоти Қазоқистон аз боздошти 8 гумонбар хабар додаанд, ки ба камияш се тани онҳо дар ҳамлаҳои рӯзи 5 июн даст доранд.

Рӯзи якшанбе, 5 июн даҳҳо ҷинояткор ду фурӯшгоҳи аслиҳаро дар Оқтеппа ғорат карда, тавассути автобуси мусофирбаре ба қисми низомии Гвардияи миллии Қазоқистон ҳамла овардаанд. Ин ҳамла як соат давом карда, омилони он, ки бинобар иттилои ВКД ин кишвар на камтар аз 27 нафаранд, ба ҷойи номаълум паноҳ бурдаанд.

Алмос Садубаев, сухангӯи ВКД Қазоқистон гуфт, эҳтимол аст, ҳамлагарон пайрави "ҳаракати ифротгарои динии ғайрисуннатӣ" бошанд.

Афроде бо номи "Артиши озодибахши Қазоқистон" дар изҳороти худ ба расонаҳои байналмилалӣ масъулияти ҳаводиси Оқтеппаро бар уҳда гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG