Ссылки доступа

Шойгу масоили амниятии Қазоқистону Туркманистонро баррасӣ мекунад


Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия барои баррасии масоили амниятӣ ва мубориза бо тундгароӣ дар Қазоқистону Туркманистон ба ин ду кишвар сафар мекунад, менависад нашрияи "Коммерсантъ".

Дар Остона Шойгу бо вазири мудофиаи Қазоқистон Имангали Тасмагамбетов имрӯз мулоқот мекунад ва ҳамкориҳои низомӣ дар доираи СПАД-ро дар пасманзари ҳаводиси 5 июни Актобе баррасӣ мекунад. 8 июн Шойгу дар Ишқободи Туркманистон бо вазири мудофиаи ин кишвар Яйлим Бердиев мубориза бо гуруҳри "Давлати исломӣ"-ро, ки дар Афғонистони ҳамсоя фаъол ҳастанд, ба баррсӣ мегирад.

Москва мумкин аст ба Ишқобод дар масъалаи ҳифзи марзи Афғонистону Туркманистон пешниҳоди ҳамкорӣ кунад. Марзи Туркманистону Афғонистон 700 км тӯл дорад.

Сафар ба пойтахти Туркманистон нахустин сафари Шойгу баъди вазири мудофиа таъйин шуданаш хоҳад буд. Шойгу соли 2012 ба ин мақом таъйин гардид.

XS
SM
MD
LG