Ссылки доступа

Дар Истамбул дар роҳи мошини пулис таркиш рух дод


На камтар аз панҷ нафар ҷароҳат бардоштааст. Аз марги ту тани дигар хабар мерасад

Дар Истамбули Туркия имрӯз дар масири ҳаракати мошии пулис таркиш рух дод.

Телевизиони хабарии Haberturk аз марги ду нафар ва ҳашт маҷруҳ иттилоъ медиҳад. Сарчашмаҳои дигар аз маргу мир хабар намедиҳанд.

Таркиш субҳи имрӯз дар наздикии донишгоҳи шаҳрӣ рух додааст. Ҳамчунин дар ин минтақа чанд иншооти сайёҳии Истамбул, ба монанди Гранд-бозор ва ғайра ҷойгир аст.

Масъулияти ин ҳамларо то кунун касе бар душ нагирифтааст. Масъулияти ҳамлаҳои ба ин монандро дар гузашта бори души гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ва ҷангҷӯёни курдӣ кардан буданд.

XS
SM
MD
LG