Ссылки доступа

Дар Истамбул таҳқиқи таркиш идома дорад


Макони таркиш дар минтақаи сайёҳии Султон Аҳмад, дар қисмати аврупоии Истамбул, ки субҳи сешанбе он ҷо 11 нафар қурбон шуд, аз сӯи пулис муҳосира гардидааст.

Дар навори видеоӣ дида мешавад, ки автобусе зарари ҷиддӣ дида, шишаҳои манзилҳои наздики ҳодиса рехтаанд.

Расонаҳо Туркия аз сокинони маҳаллӣ даъват кардаанд, бе ҳоҷат ба шаҳр набароянд ва ҳангоми мушоҳидаи ҷузвдонҳои бесоҳибмонда, ки эҳтимол дорад дохилашон маводи тарканда бошад, ба пулис хабар диҳанд. Пулис дар нақлиёти ҷамъиятӣ, автобусҳо, трамвайҳои баҳрӣ ва метро ҳуҷҷати мусофиронро тафтиш мекунад. Мақомот қисме аз осорхонаҳоро бастаанд. Хабар дода мешавад, ки сайёҳони хориҷӣ меҳмонхонаҳоро тарк мекунанд. Миёни сокинони маҳаллӣ овоза паҳн шудааст, ки таркишҳои нав рух хоҳанд дод.

Мсъулияти таркишро то кунун касе ба зима нагирифтааст. Аммо расонаҳо мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд таркиши охир кори дасти курдҳои ҷудоихоҳ ва ё гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" аст. Маҳз ин гуруҳҳо дар гузашта борҳо Туркияро барои иштирокаш дар амалиёти низомӣ дар Сурия ҳушдор дода буданд.

Бино бар иттилои пешакӣ, дастгоҳи тарканда ба таври фосилавӣ ба кор андохта шудааст. Мошини муҷаҳҳаз бо моддаи тарканда ҳангоми гузаштани автобуси пулис мунфаҷир шуд.

XS
SM
MD
LG