Ссылки доступа

Аз ҳавопаймои EgyptAir дар Ӯзбекистон бомба наёфтанд


Ҳавопаймои А-330-220-и EgyptAir баъди санҷиш ва пайдо нашудани бомба аз дохилаш Ӯзбекистонро тарк кард.

Ин ҳавопаймо, ки субҳи 8 июл аз Қоҳира ба Пекин парвоз мекард, баъди таҳдиди бомбгузорӣ маҷбур шуд, бо 17 узви экипажу 118 мусофираш дар шаҳри Урганҷ фуруд ояд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" хабар дода, мегӯяд, А-330-220-и EgyptAir баъди тафтиш ба парвозаш идома дод.

Ҳавопаймо 12 соат дар қаламрави Ӯзбекистон қарор доштааст.

XS
SM
MD
LG