Ссылки доступа

Дар Покистон модаре духтарашро оташ зад


Дар Покистон модаре, ки духтарашро оташ зад, боздошт гардидааст. Расонаҳо аз ин модар Парвин Рафиқ ном мебаранд. Хабар дода мешавад, Парвин духтарашро ба хотири бе иҷозати волидайн ба марди дӯстдоштааш ба шавҳар баромадан, оташ задааст.

Ба иттилои пулис, ҳодиса 8 июн дар шаҳри Лоҳур рух дода, Парвин худи ҳамон рӯз боздошт шудааст.

Ин модар эътироф кардааст, ки ба сару рӯи духтари 18-солааш - Зинат бензин пошида, оташ задааст.

Дар Покистон хушунат нисбати занон хеле густарда аст. Дар ин кишвар ҳамасола "барои номуси хонавода" то 1000 занро мекушанд.

Соли гузашта дар Покистон Марям Бибии 19-сола лату кӯб ва баъдан сӯзонида шуда буд. "Гуноҳ"-и ин духтар танҳо он буд, ки нахост бо марди ду баробар пиртар аз худаш издивоҷ кунад.

XS
SM
MD
LG