Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мехоҳанд, ҷазои таблиғи терроризм сангинтар шавад


Порлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро, ки ба хотири таблиғ ва пуштибонии ошкоро аз терроризм ва эсктремизм ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекунад баррасӣ намуда, барои раъйдиҳӣ фиристод.

Дар ин бора сомонаи порлумони ин кишвар бо истинод ба яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур Улан Примов хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, ин тарҳ бо мақсади сангин кардани ҷазои терризми байналмилалӣ ва экстремизм, таблиғу пуштибонии ошкорои он, интиқоли ноболиғон ба минтақаҳои даргиру амалиёти низомӣ ва додани маълумоти бардурӯғ дар бораи амали террористӣ таҳия шудааст.

Бино бар иттилои расмӣ, ҳоло наздики 500 шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла 122 зан ба ҷонибдорӣ аз гуруҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҷангида, хабари кушта шудани наздики 40 танашон расидааст.

Хадамоти махсуси Қирғизистон ҳоло барои пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ҷангҳои хориҷӣ миёни сокинони ин кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

XS
SM
MD
LG