Ссылки доступа

Ҳабс ва мусодираи амволи раиси пешини "Остона ЭКСПО-2017" (видео)


Баррасии парвандаи пурсарусадои фасодкорӣ дар ширкати миллии "Остона ЭКСПО-2017" анҷом ёфта, ҳукми гуруҳи айбдоршавандаҳо ба раҳбарии раиси пешини ширкат Толғат Ермеғиёев ҳам хонда шуд.

Ермеғиёевро баъди эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳасб гирифтанд.

Гунаҳкори асосии ин парванда Толғат Ермеғиёев 14 сол зиндонӣ, амволаш мусодира ва як умр аз ҳаққи ишғоли вазифаи раҳбарӣ дар корхонаҳои давлатию ташкилоти тиҷорӣ маҳрум шуд.

Вай зимни сухани ахир дар додгоҳ ҳамаи айбҳои эълоншударо рад кард. Вакилони мудофеи ӯ ният доранд ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.

Одилхон Шайхисломов, додраси парванда рӯйхати амволи мусодирашавандаи Ермиғиёевро низ хондааст, ки бино бар он ба ҷуз аз ҳисаҳои вай дар як қатор ширкатҳо, инчунин ду хона дар Остонаву Алмаато, чанд замини назди ҳавлигӣ ва шаш мошини сабукрави гаронарзиш мусодира хоҳад шуд.

Баррасии ин парванда моҳи март дар шаҳри Остона оғоз шуда, дар доираи он 23 кас айбдор мешуданд. Нисбат ба 12 танашон барои иқрори айбу бастани созишномаи мурофиавӣ бо додситонҳо парвандаи алоҳида боз гардида буд.

Ширкати миллии "Остона ЭКСПО-2017" барои бунёди шаҳраке дар Остона таъсис ёфта буд, ки соли оянда қарор аст, дар он намоишгоҳи бонуфӯзи байналмилалии ЭКСПО баргузор шавад.

Видеои эълони ҳукм:

XS
SM
MD
LG