Ссылки доступа

Муҷозоти мансабдорон барои нашунидани арзи сокинон


Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби қонуни нав масъулияти ниҳодҳои давлатиро барои расидагӣ ба муроҷиати шаҳрвандони кишвар бештар кард.

Бино бар қонуни "Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, масъулоне, ки дар баррасии дархости шаҳрвандон беэътиноӣ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон аз соли 1996 ҷавобгарӣ ё танбеҳ барои мақомот пешбинӣ намекард.

Валӣ Ваҳҳобов, муовини додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи қонун таъмини риояи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон аст ва расидагӣ ба муроҷиату арзи сокинон бояд дар авлавияти кори мансабдорон қарор бигирад.

Вай афзуд, ки ҳамасола муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ меафзоянд ва ин яке аз сабабҳои "беэътиноии баъзе роҳбарони мақомоти давлатӣ нисбат ба арзу шикояти мардум аст".

Тибқи қонуни нав, муроҷиати шаҳрвандон ба ҳукумат тариқи расонаҳо, телефон ва почтаи электронӣ низ мақоми расмӣ хоҳад гирифт. Мансабдор вазифадор аст, ки ба ин гуна муроҷиатҳо тибқи мӯҳлати муқарранамудаи қонун посух бидиҳад. Ин дар ҳолест, ки қаблан садҳо сокини кишвар баъд аз дарбадарӣ ва ҷавоб нагирифтан ба арзу шикояташон аз ниҳодҳои давлатӣ маҷбур мешуданд, ба президент нома нависанд.

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳам барои нақзи қонунгузорӣ ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои мансабдорон аз 20 то 32 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 6 моҳи зиндон ҷазо муқаррар кардааст.

XS
SM
MD
LG