Ссылки доступа

Отамбоев: пайравӣ аз догмаҳои динӣ ба сӯи ДИ мебарад


“Мо ба ҳайси намояндаи миллате, ки соҳиби таърих, фарҳанги бой ва урфу одат аст, ҳақ надорем манқурт бошем ва ин ҳамаро ба фаромӯшӣ, ба фоидаи бегонагон, диҳем. Дар бахши дин таҳмил кардани чизе ғайри қобили қабул аст, аммо роҳи манъ кардан ҳам моро ба ҷое намерасонад”, - гуфтааст Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон.

Отамбоев дар мулоқот бо Жанар Акаев - вакили порлумон, Ҳоҷӣ Мақсад Тоқтамушев - муфтӣ, Абдушукур Норматов - раиси Шӯрои уламои Идораи мусулмонони ин кишвар ва блогер Алия Сурановаю коршиноси мустақил Нурлан Исмоилов қайд кардааст, ки дар ҳама ҷой бояд эҳсоси меъёр вуҷуд дошта бошад.

"Ҳамаи мо дидем, ки пайравии кӯр-кӯрона аз ақидаҳои динӣ баъзеи кишварҳои арабиро ба чӣ ҳол гирифтор кард. Ин роҳ моро мустақим ба “Давлати исломӣ” мебарад", - изҳор доштааст Отамбоев.

Вай гуфтааст, нақзи асли конститутсионии хусусияти дунявии давлати Қирғизистон ғайри қобили қабул аст. "Дар кишвари мо ҳама ҳақ доранд фикру назарашонро озодона баён кунанд. Аммо ба ҳеч ваҷҳ набояд роҳ дод, ки ходимони дин ба сиёсати давлат дахолат кунанду даъватҳои ғайри қобили қабул ба бетаҳаммулии динӣ, бахусус дар моҳи мубораки Рамазон сурат бигирад", - афзудааст Отамбоев.

Президенти Қирғизистон ёдовар шудааст, ки дар кишвараш барои иҷрои усули озодии дин тамоми имкониятҳо фароҳам шудаанд.

"Мусулмонон ва намояндаҳои мазоҳиби дигар дар пайравӣ аз ақидаву динашон комилан озоданд. То ҳол дар Қирғизистон ҳолате сабт нашудааст, ки як нафар аз эҷоди монеа барои иштирокаш дар намози ҷумъа шикоят карда бошад", - гуфтааст Отамбоев.

Иштирокдорони вохурӣ низ аз шеваи баҳсҳо дар робита ба пешниҳоди тарҳи қонуни то 2 соат дароз кардани танаффуси нимирӯзӣ барои намози ҷумъа ибрози нигаронӣ намуда, гуфтаанд, ин гуна пешниҳодҳо боиси ба миён омадани рӯёрӯиҳои харобиовар дар ҷомеа хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG