Ссылки доступа

Даргузашти вакили дифоъ Исҳоқ Табаров


Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистони маҳкум ба 29 соли зиндон шоми якшанбе дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе даргузашт.

Ба гуфтаи наздиконаш, Табарови 61-сола ду моҳи ахир аз мушкили нафасгирӣ ранҷ бурда, дар ин муддат тақрибан 20 кило вазнашро аз даст дода буд.

Бино бар иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Исҳоқ Табаров чанд рӯзи пеш дар беморхона бистарӣ гардидааст, аммо табибон бемории вайро муайян карда натавонистаанд.

Даргузашти Исҳок Табаров дар ҳолест, ки ду писараш бо гуноҳи "зархаридӣ","даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон" ва "хабар надодан дар бораи ҷиноят" дар зиндонанд.

Худи Исҳоқ Табаров муҷозоти фарзандонашро ба фаъолияти касбӣ дар ҳимоят аз ҳуқуқҳои соҳибкори маъруф рабт медод. Ду вакили мудофеи дигари Зайд Саидов Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратов ҳам дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун айбдор ва аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ҳамаи онҳо гуфта буданд, ки Зайд Саидов баъди эълони нияташ барои таъсиси Ҳизби "Тоҷикистони нав" ба ғазаби мақомоти тоҷик гирифтор шуд. Ин ҳизб расман сабти ном нашуд ва худи Саидов дар як қатор ҷиноятҳо айбдор, 29 сол зиндонӣ ва амволаш мусодира гардид.

XS
SM
MD
LG