Ссылки доступа

Раҳбари пешини ширкати тилои Қирғизистон боздошт шуд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, намояндаи ин кишвар дар тарҳи "Кумтор" Достон Саригуловро дар чаҳорчуби парвандаи маснабдороне, ки ба ғасби ҳокимият бо истифода аз зӯр айбдор мешаванд, боздошт кардааст.

Боздошти Достон Саригулов, ба гуфтаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, зимни ифшои ҷузъиёти нави парванда зарур омад.

Ҳамчунин тафтишот дар чаҳорчуби парвандаи "Кумтор" аризаи Леонард Хоменюк, раиси пешини ширкатҳои «Камеко», «Кумтор Оперейтинг», «Кумтор голд», «Сентерра Голд»-ро баррасӣ мекунад, ки дар он аз мавридҳои фасоду ришватхории Саииргулов ҳамчун раиси пешини ширкати «Кыргызалтын» дар солҳои 1992-1999 маълумот дода шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, ҳангоми таҳқиқи мавридҳои фасоду ришват дар тарҳи «Кумтор» ба зиддияти ҷиддӣ ва таҳдидҳо ба амнияти афроди марбути парванда рӯбарӯ шудааст. Ин таҳдидҳо бештар аз тарафи созмондиҳандагони шабакаи фосид -- аъзои оила ва наздикони президентҳои пешин Акаев ва Боқиев сар задаанд, ки намехоҳанд, нақш ва манфиати тиҷоратии онҳо дар ин тарф ифшо гардад.

Тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки талошҳои ба ҳам задани суботи кишвар дар моҳҳои март ва майи соли равон ба ҳамин гӯшаҳои таҳқиқ парвандаи "Кумтор" бастагӣ доштанд.

XS
SM
MD
LG