Ссылки доступа

Дар наздикии Оқтеппа лагерҳои кӯдакона ба кор пардохтанд


Дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон, ки сатҳи хатари террористӣ дирӯз аз "баланд-сурх" ба "муътадил - зард", поин фароварда шуд, лагерҳои кӯдакона ба кор пардохтанд.

Дар Оқтеппа ва атрофи он шаш лагери кӯдакона мавҷуд аст. Аз ин шумор якеаш - лагери "Достик" - аз сӯи давлат сармоягузароӣ мешавад. Боқимондаҳо хусусӣ ҳастанд. Ҳич кадоме аз ин лагерҳо замони хатари сатҳи "сурх" фаъолият намекарданд.

Лагери "Достик" дар мавсими аввал мебоист 140 хонандаро мепазируфт. Аммо кори ин лагер дар робита ба ҳодисаҳои 5 июн қатъ шуда буд.

- Лагерро 15 июн мекушоем. Соли ҷорӣ ният дорем, ки кӯдаконро то 12 рӯз истироҳат диҳем. Кори лагер 9 рӯз баъдтар аз мавсим оғоз мешавад, - мегӯяд мудири лагер Жусулан Жанайдаров.

XS
SM
MD
LG