Ссылки доступа

Матлаб дар бораи ҳамҷинсгароён рӯзноманигорро ба КДАМ бурд


Муҳаррири сомонаи Kloop.kg дар Қирғизистон Элдияр Арикбоевро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар даъват кардаанд. Дар ин бора рӯзноманигор дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

"Сабаби ин даъват, ба гуфтаи маъмурони КДАМ, матлаби мо дар мавзуи никоҳҳои ҳамҷинсгароён ва ҳуқуқи онҳо будааст. Касе ба хашм омада, ба КДАМ ариза навиштааст. Тааҷҷубовар аст, на? Муфаттиш ҳам гуфт, ки чунин одамҳое ҳам ҳастанд", - менависад рӯзноманигор.

"Ҳамроҳи ҳуқуқшинос меравем. Агар шумо дар мавриди ман нигаронед, пас метавонед шумо ҳам биёед, шоҳид хоҳед буд, ки ҳамааш хуб мегузарад. Шуморо дар ҷараён хоҳам гузошт", - тазаккур додааст Арикбоев.

XS
SM
MD
LG