Ссылки доступа

Обама: далели даст доштани гурӯҳе дар куштори Орландо мавҷуд нест


Барак Обама, президенти ИМА мегӯяд, дар бораи даст доштани созмони хориҷие дар куштори Орландо далел вуҷуд надорад. Шаби шанбе ба якшанбе дар натиҷаи тирпаронӣ дар клуби шабонаи ҳамҷинсгароёни Орландо ба иловаи худи ҳамлагар 49 тани дигар кушта шуд.

Обама гуфт, эҳтимол дорад Умар Матини афғонитабор зери таъсири ақидаҳои экстремистӣ монда бошад, аммо дар бораи он ки вай гӯиё дар асоси нақша амал кардааст ё иштирокчии кадом як суиқасди гурӯҳӣ будааст, далелҳои тасдиқкунанда вуҷуд надорад.

Президенти ИМА зимни суханронияш рӯзи душанбе қайд кард, ки Матин шояд таҳти таъсири матнҳои экстремистии интернетӣ дар суҳбат бо хадамоти наҷотдиҳии 911 гуфта бошад, ки бо гуруҳи худхондаи "Давлати исломӣ" байъат кардааст.

Умар Матини 29-сола баъди се соати ҳамлааш ба клуби ҳамҷинсгароён дар натиҷаи амалиёти кормандони пулис кушта шуд.

Қаблан гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ин шаҳрванди 29-солаи Амрикоро яке аз "сарбозон"-и худ номида буд.

XS
SM
MD
LG