Ссылки доступа

Таҳдиди Толибон интиқоли мол ба Тоҷикистонро коҳиш додааст


Бештари ронандаҳои тоҷику афғон бо далели фаъол шудани Толибон дар масири роҳи Кундуз то марзи Тоҷикистон ва эҳсоси ноамнӣ аз фаъолият дар ин масир даст кашидаанд.

Нигаронии ронандаҳои тоҷик аз ноамнӣ дар ин масир дар ҳолест, ки рӯзи 31-уми майи соли равон Толибон 16 мусофирро дар роҳи Кундуз қатл карданд.

Баъди куштори ронандаи тоҷику як қатор дуздиҳову қатли 16 мусофир дар роҳи Қӯрғонтеппа - Кундуз ҳаҷми интиқоли мол миёни Тоҷикистону Афғонистон то ба 60% коҳиш ёфтааст.

“То се моҳ пеш агар дар як рӯз ба ҳисоби миёна то 50 мошини боркаш аз Афғонистон вориди Тоҷикистон мешуд, ҳоло ин ҳисоб ба 15-17 мошин дар як рӯз расидааст. Фикр мекунам, ки то амнияти ронандаҳо таъмин нашавад, ин вазъ тағйир нахоҳад ёфт”, - мегӯяд Шаҳобиддини Бовар, раиси гумруки Кундузи Афғонистон.

Мақомоти Тоҷикистон низ коҳиши молу маҳсулот аз Афғонистонро ба далели даст ба ғоратгарӣ задани Толибон тасдиқ мекунанд. Ба гуфтаи намояндаи гумруки Тоҷикистон, воридоти мол аз Афғонистон дар се моҳи ахир беш аз 48 ҳазор тонна дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.

Тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон аз бандарҳои Покистону Эрон мол ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG