Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон филтршиканҳоро мебанданд


Дар Тоҷикистон баъди масдуд кардани бархе аз сомонаҳо бастани филтршиканҳоро оғоз карданд.

Бисёре аз шикартҳои интернетрасони Тоҷикистон чандин филтршиканҳо ва барномаҳои дигареро, ки имкони дастрасӣ ба сомонаҳои масдудшударо фароҳам меоваранд, бастаанд. Давоми солҳои охир бастани хабаргузориҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва видео-сомонаҳо дар Тоҷикистон бисёр таҷриба мешавад, аммо пештар корбарон бо истифодаи филтршиканҳо ба ин сомонаҳо дастрасӣ пайдо мекарданд.

Филтршикан ва ё "анонимайзер" барномаест, ки ба корбарон имкон медиҳад суроғаи IP-и компютери худро тағйир диҳанд ва бидуни монеа ба сомонаҳои басташуда дастрасӣ ёбанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон сомонаҳои расонаҳое амсоли "Азия-Плюс", Радиои Озодӣ ва "Озодагон" бастаанд.

XS
SM
MD
LG