Ссылки доступа

Ҷазои мастию сархушӣ дар ҷои кор сахттар шуд


Бино бар пояи тарҳи нави Кодекси меҳнати Тоҷикистон, корфармо ҳақ дорад шартномаи меҳнатии коргареро, ки дар ҳолати мастӣ ба коргоҳ ҳозир мешавад, бекор ва ё аз додани маош дар ҳамон давра, худдорӣ намояд.

Порлумони Тоҷикистон имрӯз, 17 июн ин тарҳро баррасӣ кард. Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, вакили порлумон, дар шарҳи лоиҳа гуфт, агар коргар дар ҳолати мастӣ, яъне истифода аз маводи спиртӣ, нашъадор ва ё психотропӣ ба кор хозир шавад ва аз гузаштани ташхиси тиббӣ саркашӣ кунад, корфармо ҳақ дорад, шартномаи меҳнатиро якҷониба қатъ кунад ё аз пардохти музди ҳамон давра худдорӣ намояд.

Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни муаррифии тарҳи нави Кодекси меҳнат гуфт, ки тарҳи нав аз қонуни қаблӣ бо ҳаҷми калону мафҳумҳои наваш фарқ мекунад. Ба гуфтаи вай, ин тарҳ аз 6 фасл 41 боб ва 336 модда иборат буда, он мафҳумҳои наверо мисли соҳибкорони инфиродӣ, хонакорон, кормандони мавсимӣ, кормандони техникӣ ва кормандони давлативу ғайридавлатӣ дар бар мегирад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни баррасии ин тарҳ гуфт, ки кодекси мазкур ба ҳифзи ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон равона шудааст.

XS
SM
MD
LG