Ссылки доступа

Боздошти гумонбари 5-ум дар фоҷеаи кӯли Сямозеро


Ҷасади кӯдакони ғарқшуда дар Карелияро рӯзи душанбе тавассути ҳавопаймое ба Москва интиқол ёфт. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодлаи Русия хабар додааст.

Қаблан Шуъбаи меҳнат ва таъмини иҷтимоии шаҳрдории Москва рӯйхати 14 кӯдаки аз 13 то 14-соларо нашр кард, ки дар натиҷаи чаппа шудани қаиқе ғарқ шуданд. Ба камияш 10 нафарашон аз оилаҳои камбизоат ё ятимони шаҳри Москваанд.

Рӯзи 20 июн дар Карелия ва Москва мотам эълон шудааст.

Қаиқҳое, ки 47 кӯдак аз лагери кӯдаконаи "Парк-Отел Сямозеро" ҳамроҳи чаҳор калонсол савори он буданд, рӯзи 18 июн дар пайи туфоне дар кӯли Сямозеро чаппа шуданд. Аз ин фоҷеа танҳо як рӯз баъд духтараки наҷотёфтае хабар додааст.

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳодиса бо айби хидматрасонии номутобиқ ба меъёрҳои амниятӣ, ки боиси марги як нафар ё зиёда аз он гардид, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Барои ин навъи ҷиноят то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Шаби якшанбе ба панҷшанбе дар доираи парвандаи марги кӯдакон гумонбари 5-ум ҳам боздошт гардид. Қаблан бо ин айб чаҳор нафар, аз ҷумла сардори "Парк-отел Сямозеро", созмондиҳандаи сайёҳати кӯдакон Елена Решетова, муовини сардори лагер Вадим Виноградов, роҳбаладон Регина Иванова ва Людмила Васильева, ки кӯдаконро ҳамроҳӣ мекарданд, дастгир шуда буданд.

XS
SM
MD
LG