Ссылки доступа

Русия системаи зиддимушакиашро озмоиш кард


Низомиёни Нерӯҳои ҳавоии Русия мушаки кутоҳпарвози системаи зиддимушакии ин кишварро озмоиш карданд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба хадамоти матбуотии вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳанд. Партоби мушак субҳи сешанбе аз пойгоҳи Сари-Шагани Қазоқистон сурат гирифт.

Ҳадафи ин партоб санҷиши вижагиҳои тактикиву фаннии системаи зиддимушакӣ унвон шудааст. Мушак ба таври дақиқ ва дар муҳлати муайяншуда ба ҳадафи шартӣ расидааст, мегӯяд Виктор Гуменний, муовини сарфармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия.

Моҳи май ИМА дар Руминия нахустин иншооти ҷаҳонии зиддимушакиро, ки барои ҳимояи кишварҳои узви НАТО аз хатарҳои эҳтимолии Эрон зарур аст, ба кор даровард.

Москва бар ин бовар аст, ки таъсиси системаи зиддимушакии Амрико ба амнияти Русия хатар дорад. Владимир Путин, президенти Русия мегӯяд, Москва маҷбур аст, ки хатари рӯзафзун аз сӯи ИМА ва НАТО-ро пешгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG