Ин кумита низ тасмим гирифтааст, мавзуи иштироки намояндагони навъҳои дигари варзишро, ки дар вайрон кардани қоидаҳои зидди истеъмоли доруҳои нерӯафзо гумонбаранд, анҷуманҳои байнулмилалӣ дар алоҳида баррасӣ кунанд.
Федератсияҳои миллӣ рӯйхати варзишгаронро баъди санҷиши иловагии истеъмоли доруҳои нерӯафзо пешниҳод хоҳанд кард.
Шӯрои иҷроияи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ рӯзи 18 июн аз қарори манъи иштироки дастаи мунтахаби варзиши сабуки Русия дар Бозиҳои олимпиии Рио-2016 ҳимоят кард.
Рӯзи ҷумъа, 17 июн Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук ҳамаи намояндаҳои ин навъи варзиши Русияро барои истифодаи допинг аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои Рио де-Жанейро маҳрум кард.
Қаблан Агентии байнулмилалии зидди допинг гуфта буд, ки варзишгарони рус меъёрҳои зидди истеъмоли доруҳои нерӯафзоро вайрон мекунанд.