Ссылки доступа

Ҷонибдории вакилони қирғиз аз тарҳи нави қонун "Дар бораи ВАО"


Порлумони Қирғизистон дар қироати нахустин лоиҳаи баҳбарангези қонун "Дар бораи ВАО"-ро, ки бар пояи он шаҳрвандон ва ширкатҳои хориҷӣ наметавонанд дар ин кишвар расонаи ахбори омма таъсис диҳанд ё соҳиби он бошанд, қабул кард.

Ин тарҳи қонун, ки аз 109 вакили Жогорку Кенеш 79 тоаш ба ҷонибдории он раъй додаанд, фаъолияти расонаҳо бо сармоягузории хориҷиро ҳам манъ мекунад.

Кожобек Риспаев, яке аз муаллифони тарҳи мазкур қаблан гуфта буд, тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ВАО"-и Қирғизистон танҳо ба воситаҳои ахбори оммаи телевизионӣ рабт дорад. "Дар ин лоиҳаи қонун сухан дар бораи ВАО-и телевизионӣ меравад. Зеро ин бахш нерӯи бузург дорад ва бар пояи назарсанҷиҳои иҷтимоӣ ҳам муайян шудааст, ки таъсири телевизион 90%-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаи қонуни мо танҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллии Қирғизистон равона шудааст", - изҳор дошт Риспаев.

Вакил Аида Салянова зимни ҷаласаи порлумони Қирғизистон гуфтааст, барои тағйири қонун "Дар бораи ВАО" заруратеро намебинад. "Тарҳи қонун нуктаҳои нофаҳмои бисёр дорад. Тағйироти пешниҳодшуда ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ рабт дорад. Радиои Озодӣ ҳеч гоҳ ба амнияти миллии Қирғизистон таҳдид накардааст. Баръакс, он ҳарфи ростро мегӯяду дар таъмини анмнияти кишвар саҳмгузор аст ва мо ҳам танҳо манфиати фаъолияти ин радиоро дидаем", - афзудааст Салянова.

Наталя Никитенко, вакили Жогорку Кенеш аз ҷиноҳи "Ота-Макон" қайд кардааст, ки лоиҳаи қонун бо Қонуни асосии Қирғизистон мухолифат дошта, амнияти кишварро таъмин намекунад."Ҳадафи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ВАО" чизи дигар аст, яъне дахолат кардан ба бахши ВАО", - гуфтааст вай.

Лоиҳаи мазкур бо вуҷуди изҳороти вакилон дар бораи вайрон шудани регламенти Жогорку Кенеш барои раъйгирӣ гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG