Ссылки доступа

Бритониё имрӯз тасмим мегирад, ки дар ИА бимонад ё на


Имрӯз Бритониё тасмим мегирад, ки дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо боқӣ хоҳад монд ё на. Ба ин манзур дар он кишвар имрӯз раъйпурсии умумихалқӣ баргузор мешавад. Натиҷаҳои раъйпурсӣ ба ояндаи тамоми кишварҳои ғарбӣ таъсир хоҳад расонид.

Ба иттилои таҳлилгарон, ки натиҷаҳои назарсанҷиҳои чанд рӯзи охирро омӯхтаанд, мухолифони ҳамгироии Аврупо тақрибан 6 дарсад бештар аз ҷонибдорон ҳастанд. 9 дарсади раъйдиҳандагон ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд.

Узвияти Бритониёро дар Иттиҳоди Аврупо сарвазири ин кишвар - раиси ҳизби муҳофизакорон Дэвид Кэмерон, роҳбари ҳизби коргарон Ҷереми Корбин ва роҳбари Демократҳои либерал Тим Фаррон ҷонибдорӣ мекунанд.

Мухолифони Иттиҳоди Аврупо дар навбати аввал ба мушкилоти марбут ба вуруди мавҷи муҳоҷирон ба Бритониё такя мекунанд.

Роҳбарони ҷаҳонӣ, ширкатҳои маъруф ва сармоягузорон мегӯянд, хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо таъсири ин иттиҳодро кам мекунад, дар бозорҳои ҷаҳонӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ба бор меорад ва ба чанд насли оянда таъсир мерасонад.

XS
SM
MD
LG