Ссылки доступа

Қарзи хориҷии Қазоқистон ба 12,8 миллиард доллар расидааст


Қарзи хориҷӣ ва қарзи кафолати давлатии Қазоқистон, бино бар вазъи охири соли 2015, 12,8 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медод, мегӯяд раиси Бонки миллии ин кишвар Дониёр Акишев.

Ба гуфтаи вай, қарзи хориҷӣ 7 дарсади Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии Қазоқистонро дар бар мегирад. Раиси бонки миллии он кишвар бар ин назар аст, ки ин "яке аз камтарин нишондодҳо дар ҷаҳон аст". Акишев мегӯяд, вақтҳои охир бархе аз расонаҳо "дар бораи қарзи хориҷӣ рақаму далелҳо ва қиёсҳои нодуруст меоранд". Пештар аз ин бархе аз расонаҳои Қазоқистон навишта буданд, ки қарзи хориҷии ин кишвар ба иловаи қарзи бахши хусусӣ ба 150 миллиард доллар расидааст.

Раиси Бонки миллии он кишвар ҳамчунин гуфт, таваррум дар Қазоқистон дар моҳи май 0,5 дарсадро ташкил додааст. Вай илова кард, ки таварруми кунунӣ "бо тамоюли чандинсола мутобиқат мекунад". Дониёр Акишев афзудааст, пешгӯиҳои Бонки миллӣ собит мекунанд, ки сатҳи таваррум дар соли ҷорӣ то 6-8 дарсат хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG