Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба манбааш дар Маҷмааи низомию саноатии Русия хабар додааст.
"Ҳоло силоҳи нави зериобиро дар Иссиқкӯл меозмоянд. Дар сурати комёб шудан, он ба истифода дода шуда, дар соли 2017 истеҳсоли ин навъи силоҳи зериобӣ оғоз мегардад", - афзудааст манбаъ.
Ба гуфтаи вай, силоҳи мазкур мисли силоҳи пешин бо сӯзишворӣ кор мекунад, аммо аз дохили киштии зериобӣ ҳам идора мешавад.
Силоҳи нави зериобии "Футляр" дар Институти тадқиқотию илмии Санкт-Петербурги Русия коркард шуда, онро корхонаи "Дагдизел" истеҳсол менамояд. Тасдиқи расмии ин иттилоъро ТАСС дастрас накардааст.
Ёдрас мешавем, пойгоҳи озмоишгоҳи силоҳи зериобии зиддикиштии Русия дар наздикии шаҳри Қаракӯли Қирғизистон ҷойгир аст.